Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Сен19

Вохӯриҳои судманду саривақтӣ

E-mail Чоп PDF

Бо мақсади тақвият бахшидан ва амалӣ намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри беҳбудии зиндагии мардуми кишвар равона гардидаанд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз санаи 11 сентябр то санаи 15 сентябри соли ҷорӣ вохӯриҳои судманду зарурӣ ва саривақтӣ баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотию ташвиқоти – ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимӣ Рауф бо ҳайати гурӯҳи кори, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст бо сокинони ноҳия оиди суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи дониш ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯриҳои судманду саривақтӣ гузарониданд.

Муфассал...
 
Сен13

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

E-mail Чоп PDF

Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оваданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо самимияти хосса ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи давлату миллат истиқбол гирифтанд.

Муфассал...
 
Сен13

Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

E-mail Чоп PDF

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Муфассал...
 
Сен12

Таҷлили Ҷашни Истиқлол дар ноҳия

E-mail Чоп PDF

Ҳамасола дар сар то сари Ҷумҳурии биҳишосоямон ҷашни Истиқлолият бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Санаи 09.09.2017сол бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди кохи фарҳанги «Гулистон» ин иди фархунда ва муқаддас бо иштироки намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, вилоят, сокинони ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо, намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроия таҳти шиори «Истиқлолият дастоварди беназири миллат» баргузор гардид.

Навгонихо ( 12.09.2017 15:55 ) Муфассал...
 
Сахифаи 1 аз 31

Роҳбарияти ноҳия

Мо дар Facebook

Ноҳия дар расмҳо

ҲАМКОРОН


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз705
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2955
mod_vvisit_counterҲамин моҳ11577
mod_vvisit_counterҲамагӣ221345